СУРАТ-ДАЛЕЛ. Аввалин базми хонадоршавӣ дар деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон

Рӯзи шанбе нахустин базми арӯсӣ дар деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон дар ҳолу ҳавои шодиву сурур барпо гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

25 июл ду навҷавон дар остонаи анҷоми бунёди манзилҳои нав ҷашни арӯсӣ доир намуданд. Арӯс духтари хонаводаи Шермаҳмад Раҷабов аст, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл вориди манзили навбунёд гардидааст.
Ин овои  суруру шодӣ дар деҳаест, ки 67 хонаводаи аз офати табии моҳи майи ҳамин сол  зарардида бо кумаки мақомоти давлатӣ дар маҳалли бехавф соҳиби манзили нави истиқоматӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: