Суқути чархбол дар Олтой

Дар кўли Телетскии Ҷумҳурии Олтойи Федератсияи Россия чархболи шахсии Робинсон-66 суқут кардааст.
Ба иттилои расонаҳо ҳангоми ҳодиса дар дохили чархбол 5 нафар, аз ҷумла роҳбари яке аз  шуъбаҳои дилерии ширкати “Робинсон” Димтрий Ракитский бо ҳамсараш, ва чанд мансабдори дигари Ҷумҳурии  Олтой қарор доштаанд.
Гуфта мешавад, айни ҳол амалиёти ҷусутуҷўии мусофирони чархбол аз ҷониби кормандони хадамоти марбута ҷараён дорад.
То кунун кормандони хадамоти дахлдор ҷасади як нафарро пайдо кардаанд.
Чуқури кўли Телетск беш аз 200 метрро ташкил медиҳад.
Барои амалиёти кофтукоби таҷҳизоти махсуси зериобӣ ба истифода дода шудааст.

Tags: