Суҳбати видеоии Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии Котиби давлатии Британияи Кабир

Имрӯз суҳбати видеоии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии Котиби давлатии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Веди Мортон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат масъалаҳои мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19, мусоидати Британияи Кабир дар бартараф кардани пайомадҳои он ва масъалаҳои ҳамкории ду давлат баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: