Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии “Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил” дар ноҳияи Данғара

Ҳозирини гиромӣ!
Меҳмонони арҷманд!

Дар навбати аввал мехоҳам тамоми сокинони шуҳратманду заҳматпешаи ноҳияи Данғара ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон - биступанҷсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон сидқан табрик гуфта, ба ҳамаи шумо бахту иқболи нек ва барори кор орзу намоям.

Тибқи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат соҳаи саноат яке аз бахшҳои ояндадори кишвар буда, имрӯз ин соҳаи ҳаётан муҳимми мамлакат дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад.

Дар натиҷаи торафт вусъат пайдо кардани ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳа, ташаккулу такмили сохтор ва навсозии фондҳои асосӣ ҷараёни инкишофи соҳаи саноат суръати тоза касб карда, дар оянда ҳамчун омили суръатбахши рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ хизмат хоҳад кард.

Бояд зикр кард, ки бо вуҷуди тӯл кашидани марҳалаи ташаккули соҳаи саноати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳо дар ин самт хеле назаррасанд ва мо ният дорем, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу кишоварзии содироткунандаи маҳсулот табдил диҳем.

Айни замон дар кишварамон садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шудаанд, ки саҳми онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии хушсифат торафт афзуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, тибқи нақшаи Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ гардидааст, ки соли ҷорӣ дар кишвар 161 коргоҳу корхонаи истеҳсолии дорои беш аз 6 ҳазор ҷойи корӣ сохта мавриди истифода дода шавад.

Аз ҷумла, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар мамлакат 114 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 3600 ҷойи корӣ оид ба коркарди маъдан, масолеҳи сохтмон ва саноати сабук сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар баробари тақвияти иқтидори содиротии кишвар, ба коҳиш додани нархи маҳсулот ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардаанд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи бунёд ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ таваҷҷуҳи хосса дорад.

Аз ҷумла, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара танҳо соли гузашта 6 корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 400 миллион сомонӣ расидааст.

Инчунин, Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳия имкониятҳои васеи сармоягузориву соҳибкориро доро мебошад.

Дар идомаи иқдоми мазкур чанд лаҳза пеш мо Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии “Ҷунтай-Данғара текстил”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додем, ки ба муносибати ин рӯйдоди хотирмон ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, кулли сокинони ноҳияи Данғара ва вилояти Хатлон, инчунин меҳмонони арҷманди кишвари ба мо дӯсти Ҷумҳурии Мардумии Хитойро самимона табрик мегӯям.

Лозим ба ёдоварист, ки 19-уми декабри соли 2014 барои оғози сохтмони маҷмааи имрӯза, ки дар минтақа муосиртарин ва бузургтарин мебошад, санги асос гузошта шуда буд ва дар як муддати кутоҳ ба соҳибкорону сармоягузорон муяссар гардид, ки корҳои бунёд ва таҷҳизонидани ин маҷмааи азимро ба анҷом расонанд.

Бояд гуфт, ки танҳо барои ба кор андохтани марҳалаи аввали маҷмааи истеҳсолии имрӯза 600 миллион сомонӣ сармоягузории мустақим сурат гирифта, 600 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар оянда баробари ба анҷом расидани марҳалаҳои дуюм ва сеюми корхона, дар маҷмӯъ, 6 ҳазор нафар сокинони мамлакат соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.

Дар маҷмааи мазкур бо дарназардошти коргарону мутахассисони бахши аграрӣ беш аз шаш ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.

Корхона дорои 3 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ бо коркарди беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо истеҳсоли зиёда аз 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, рангуборкунии 10 ҳазор тонна ришта ва даври ниҳоӣ - дӯзандагӣ бо истеҳсоли як миллион дона маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

Бунёди марҳалаи аввали корхона бо иқтидори коркарди 26 ҳазор тонна нахи пахта моҳи январи соли 2015 оғоз гардида, васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ бо ҷалби мутахассисони Ширкати “Ритер”-и Швейтсария дар коргоҳи якум, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, бо 37 хатҳои технологии ресандагӣ ва бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта пурра ба анҷом расидааст.

Бояд тазаккур дод, ки хатҳои технологии насбшуда ба ҳолати имрӯза навтарин технологияҳои соҳа маҳсуб меёбанд.

Истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои инсониву табиӣ ҳамчун омилҳои таконбахши рушди иқтисоди миллӣ тағйироти куллиро дар соҳаи саноати мамлакат таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон муайяншуда мусоидат менамояд.

Тоҷикистон то замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари содиркунандаи ашёи хоми металлҳои рангаву нодир, ашёи нимтайёри саноати бофандагӣ, аз ҷумла нахи пахта ва консерваҳои гуногуни меваю сабзавот ба ҳисоб мерафт.

Дар доираи нақшаи дурнамо ва бо истифода аз захираи канданиҳои фоиданок ва ашёи хоми табиӣ тағийр додани сиёсати соҳавӣ дар соҳаи саноат пешбинӣ шудааст, ки тавассути дигаргунсозӣ ё навсозии куллии технологияи истеҳсолот гузаштан аз маҳсулоти нимтайёр ба тавлиди маҳсулоти тайёр ҳадафи асосии он мебошад.

Дар натиҷаи иқдомҳои то имрӯз амалинамудаи Ҳукумат ҳиссаи саноати коркард ҳамасола афзуда, соли 2015 нишондиҳандаи он наздик ба 66 фоиз баробар шудааст, ки нисбат ба саноати истихроҷ қариб 5 баробар зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳо соли 1991 дар қаламрави мамлакат ҳамагӣ се корхона - комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ва фабрикаҳои калобаи пахтагини шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Конибодом фаъолият карда, иқтидори умумии солонаи онҳо коркарди 28 ҳазор тонна нахи пахтаро ташкил медод.

Маҳз дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва дар доираи барномаҳои давлатӣ аксари бахшҳои соҳа, аз ҷумла соҳаи саноати ресандагӣ сол ба сол тараққӣ карда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чандин корхонаҳои нав бунёд гардиданд, ки дар як сол имконияти коркарди беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахтаро доранд.

Аз ҷумла, то имрӯз дар вилояти Суғд 7 корхона, Хатлон - 7 ва дар шаҳри Ҳисор як корхонаи азими коркарди нахи пахта сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, дар зарфи солҳои 2016 – 2017 сохта, ба истифода додани боз 4 корхонаи бофандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари ин, дар соҳаи саноати сабук ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда бо дарназардошти манбаи ашёи хоми худӣ ва талаботи рӯзафзуни бозори дохилӣ ба маҳсулоти ин соҳа хеле зиёданд.

Аз ин рӯ, масъулони соҳа бояд кӯшиш намоянд, ки дар ин самт бо дарназардошти афзалиятҳои сармоягузорӣ ба соҳаи саноати сабук, дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, мавҷуд будани қувваҳои корӣ ва имкониятҳои васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар назар бояд дошт, ки ҳар сол дар кишвар 100-120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуда, ҳамагӣ 10-12 ҳазор тоннаи он дар дохили кишвар коркард мегардад ва боқимондаи он ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешавад.

Тибқи маълумот ҳоло ба мамлакат беш аз 80 фоизи маҳсулоти дӯзандагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад ва дар ин самт сармоягузорони дохиливу хориҷӣ метавонанд бо истифода аз имкониятҳои васеъ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ фаъолтар кор кунанд.

Дӯстони азиз!

Маҷмаи истеҳсолии имрӯз ифтитоҳшуда иқтидори пурра ба коркард фаро гирифтани пахтаи дар ҳудуди вилоят истеҳсолшударо доро буда, дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳи якуми ресандагӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар як моҳ 900 тонна ва дар як сол 10 ҳазору 800 тоннаро ташкил дода, дар маҷмӯъ, дар як сол ба 15 ҳазор тонна ашёи хом эҳтиёҷ дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмааи имрӯза беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.

Тавре ки аз иқтидору имкониятҳои истеҳсолии коргоҳи мазкур бармеояд, он яке аз корхонаҳои азими коркарди пахтаи мамлакат ба ҳисоб рафта, баъди пурра ба кор даромадан барои таъмини он ашёи хом зарур аст.

Дар ин самт, бо мақсади азхудкунии заминҳои нав, таъмини корхонаҳои ватанӣ ба ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсоливу иқтисодӣ дар доираи амалисозии марҳалаҳои якуму дуюми лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” беш аз 575 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, зиёда аз 4200 гектар заминҳои нав обёрӣ карда шудаанд.

Илова бар ин, тибқи лоиҳа то соли 2019 беш аз 1700 гектар бояд обёрӣ карда шавад, ки дар маҷмӯъ, қариб 6000 гектар заминҳои нав обёришуда мавриди истифода қарор гирифта, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом мусоидат мекунанд.

Аз ин лиҳоз, масъулони соҳаҳои кишоварзиву саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкоронро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва таъмини корхона бо ашёи хоми ватанӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамчунин. барои кор дар дастгоҳҳои корхона, ки бо муосиртарин технология таҷҳизонида шудааст, омода кардани кадрҳои баландихтисоси коргариву муҳандисӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

Тавре ёд доред, ҳангоми гузоштани санги асоси коргоҳи мазкур супориш дода будам, ки дар баробари босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, инчунин барои омода намудани кадрҳо низ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар доираи супориши мазкур айни замон 600 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор қабул гардида, 38 нафари онҳо курсҳои махсуси омӯзиши касби ресандагӣ ва кор бо технологияро дар Ҷумҳурии Халқии Хитой хатм карда, ҳоло омодаи фаъолият мебошанд.

Зарур аст, ки ҷараёни тайёр кардани кадрҳоро минбаъд низ идома дода, ҳамзамон бо ин, дар корхонаҳои нави истеҳсолӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мамлакат ба роҳ монда шавад.  

Айни ҳол дар қонунгузории мамлакат бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, таъсиси корхонаву коргоҳҳо ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, инчунин бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Чунончи, воридоти дастгоҳу таҷҳизот аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис, ки бо коркарди пурраи нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардида, боз як қатор имтиёзҳои дигар пешбинӣ шудаанд.

Итминони комил дорам, ки ин маҷмааи истеҳсолӣ бо истифода аз имконияту имтиёзҳои муҳайёшуда дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истеҳсоли молҳои баландсифату рақобатпазир дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар мавқеи хосса пайдо менамояд.

Ҳамзамон бо ин, бунёду фаъолияти мураттаби ҳар як корхонаи нави саноатӣ қадами навбатие ба сӯи амалисозии ҳадафи аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.

Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми ноҳияи Данғара ва вилояти Хатлонро ба ифтихори 25–умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи корхонаи нав табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод ва барору муваффақият орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед.