«Суғдсинамо» филмҳои хешро ройгон ба намоиш мегузорад

Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов тасмим гирифтааст, ки давоми як ҳафта филмҳои худро дар фазои кушод ройгон ба намоиш гузорад. Дар ин бора муовини директори «Суғдсинамо» Осими Орифпур иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, филмҳои «Суғдсинамо» дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилоят аз 10 то 16 апрел ба намоиш гузошта мешаванд.
«Давоми ҳафта сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд филмҳои «Ормонҳо», «Паймон», «Коса», «Духтари Сайҳун» ва «12 соли интизорӣ»-ро тамошо намоянд»,-иттилоъ дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»