Суғд: таъсиси 60 гранти раиси вилоят барои дастгирии занони ҳунарманд

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд, барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, рушди ҳунарҳои дастӣ ва дар ин замина таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва тақвият бахшидан ба меҳнати хонагӣ, аз ҷумла, намудҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  60 гранти раиси вилоят таъсис дода мешавад.

Тавре аз шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, тибқи қарори мазкур, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ буда, ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси озмун ҷудо карда мешаванд.

Хотиррасон бояд намуд, ки соли гузашта дар ин ҷода 45 нафар занони ҳунарманд барои рушди соҳибкасбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба шогирдон  муваффақ гашта, соҳиби гранти раиси вилоят гардида буданд.

Инчунин, то имрӯз дар вилоят 262 маркази таълимию истеҳсолӣ, аз ҷумла,  191 маркази таълимии адрасу атласбофӣ ва 71 маркази таълимии қолинбофӣ бо фарогирии 604 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 411 дастгоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 735 нафар ҳунармандон ба 3895 нафар шогирдон нозукиҳои ин ҳунарҳоро меомӯзонанд. Илова бар ин, дар вилоят 355 маркази таълимии хонагӣ, аз ҷумла, 192 маркази адрасбофӣ ва 163 маркази қолинбофӣ таъсис дода шудаанд.

Давоми соли гузашта тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ 4226 нафар сокинон ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, бо нозукиҳои касби қолинбофӣ 299 нафар, сӯзанидӯзӣ 23 нафар, қуроқдӯзӣ 42 нафар, гулдӯзӣ 126 нафар,  адрасбофӣ 523 нафар ва оҳангарӣ 54 нафар шинос гардиданд.

АМИТ "Ховар"