Суғд: нақшаи пахтачинӣ беш аз 81% иҷро гардид

То  санаи 11 октябри соли равон дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд  83 ҳазору 181 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 81,73%-и дурнамо баробар аст.
Пешсафони маъракаи чиниши пахта дар вилоят -кишоварзони ноҳияҳои Зафаробод то имрӯз чиниши пахтаро 95,91%, н. Ҷ. Расулов   94,87%  ва ноҳияи Спитамен  88,41%  иҷро намудаанд.
Ҳамчунин то имрӯз беш аз 60 фоизи хочагиҳои деҳконӣ низ аз иҷрои дурнамо хабар доданд.

Бояд гуфт, ки имсол пахтакорони  вилоят дар майдони 44 ҳазору 170 гектар пахта кишт намуда, азм доранд то охири маъракаи пахтачинӣ  101 ҳазору   770    тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: