Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ба тасвиб мерасад

Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он як зумра масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ гардиданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд, аъзои Шӯро Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода Созишномаи мазкурро муарифӣ намуда, иброз намуд, ки Созишнома байни Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи зикршуда 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Созишномаи номбурда аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳо миёни ду давлати бародар ва инкишофи тамосҳо байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баҳри танзими ҳуқуқии тартиби мусофирати  мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони ин кишварҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.

Дар моддаҳои 1-4 Созишномаи мазкур муҳлат барои ба таври транзит убур кардан ва иқомати муваққатан дар ҳудуди давлатҳои тарафҳо, инчунин бо ҳуҷҷатҳои дахлдор бидуни раводид ворид гаштани шаҳрвандон ба ҳудуди давлати Тарафи дигар ва тартиби бемонеа ва бераводид ба ҳудуди давлати он Тараф барои иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ворид, аз он хориҷ шудан ва дар он иқомат намудани шаҳрвандоне, ки хизматрасонии объектҳои давлати як Тарафи дар ҳудуди давлати Тарафи дигар қарор доштаро анҷом медиҳанд, инъикос гардидааст.

Мувофиқи моддаҳои 5-9 тартиби додани раводидҳои бисёркарата ба муҳлати то 12 моҳ барои ронандагони воситаҳои наклиётие, ки боркашонии автомобилии байналмилалиро анҷом медиҳанд, ҳамдигарро хабардор намудани Тарафҳо оид ба масъалаҳои мансуб ба соҳаи татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур, аз ҷумла, муқаррароти замимаҳои №№№ 1, 2, 3 ва озод будани шахсони дахлдор аз супоридани хироҷи консулӣ барои раводид муайян гардидааст.

Моддаҳои 10-12 ҳуқуқи шаҳрвандони Тарафҳоро барои ворид, хориҷ шудан ва тариқи транзитӣ убур намудан тавассути нуқтаҳои гузаргоҳии барои убури сарҳади давлати муайяншуда тибқи қонунгузории миллии давлатҳои Тарафҳо муқаррар намуда, ҳамзамон риояи қонуну қоидаҳои давлати Тарафи иқоматро ҳангоми буду бош дар ҳудуди он ва дар ҳолатҳои истисноӣ (хатар ба амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё ба саломатии шаҳрвандон, аз ҷумла, ҳолатҳои фавқулода ва ғайра) ҳуқуқи муваққатан ё қисман боз доштани амали Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тарафҳо ба танзим даровардааст.

Ҳалли масъалаҳое, ки ҳангоми татбиқи ҳамин Созишнома ба вуҷуд меоянд, дахолат накардан ба ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналми­лалӣ сарчашма мегиранд, аз ҷумла, истифодаи забони расмӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Созишнома ва муҳлати эътибор пайдо намудан ва тартиби қатъи амали онро моддаҳои 13, 14, 15, 16 ва 17 инъикос намудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Аъзои Шӯро ҳамчунин «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум рӯзи 19 марти соли 2018» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: