«Сомон Эйр» дар масири Истанбул-Душанбе парвози махсус анҷом медиҳад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 11 августи соли равон дар масири Истанбул-Душанбе парвози махсус анҷом медиҳад. Ҳадафи парвози махсус таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркия ба Ватан  мебошад.

Дафтари  матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доранд, метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагии «Сомон Эйр» дар Истанбул муроҷиат намоянд. Мутобиқи талаботи нави фурудгоҳи Истанбул ба сифати бори дастӣ ба дохили ҳавопаймо бо худ танҳо лептоп, ҷузвдони занона ва кӯдаконаро гирифтан мумкин аст. Амволи дигари мусофирон ҳамчун бағоҷ гузаронида мешавад. Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ дар самти Истанбул-Душанбе 20 кг муқаррар шудааст. Вақти парвоз аз Истанбул соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Бақайдгирии мусофирон аз соати 9:00 то 11:20 сурат мегирад.

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон баъди фурудоӣ дар Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, то муайяншавии натиҷаҳои озмоиш дар минтақаи карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд. Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи «манфӣ» дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд. Ин нафарон бояд дар мақомоти тандурустии маҳаллӣ аз қайд гузашта, давоми 14 рӯз зери назорати табибон ихтиёран гӯшанишинӣ намоянд.

Шаҳрвандоне, ки мехоҳанд тавассути парвози махсус аз Истанбул ба Тоҷикистон оянд, барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ л ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндагии «Сомон Эйр» дар Истанбул ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоянд.

Маркази маълумотдиҳии «Сомон Эйр»:

+992 (901) 03 20 00,

+992 (908) 08 56 66,

+992 (98) 586 68 86,

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

call-center@somonair.com

Намояндагии «Сомон Эйр» дар Истанбул:

+90 (535) 41 97 095.

Агентии алоқаи ҳавоӣ:

+992 (98) 807 10 00,

+992 (98) 880 87 87,

+992 (93) 501 24 24.

АМИТ «Ховар»

Tags: