Собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода вазифаи нав гирифт

Собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ширкати роҳсозии «Innovative Road Solutions» (IRS) вазифаи нав гирифт, иттилоъ медиҳад сомонаи ширкат.

Мутобиқи маълумот, Худоёрзода муовини директор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки IRS нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе — Чаноқро ба уҳда дорад. Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Тоҷикистон- ин расонидани кумак ба халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастрас гардонидани ҳаракати доимӣ ва бехатар дар тӯли сол дар роҳҳои мамлакат, рушди инфрасохтори роҳҳҳо, мусоидат дар ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи гардиши мол дар дохили кишвар ва бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: