СҲШ тавсеа меёбад: дархостҳои 10 кишвар баррасӣ карда мешаванд

ТВТ.17.06.2022. Дархостҳои 10 кишвари ҷаҳон ҷиҳати иштирок дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ  моҳи сентябри соли равон, ки дар Самарқанд доир мегардад, баррасӣ хоҳанд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора зимни мусоҳиба бо агентии иттилоотии «Дунё» иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов изҳор доштааст.

«Дархостҳои тақрибан 10 кишвари дигар барои ширкат дар фаъолияти СҲШ ҳамчун аъзои комилҳуқуқ, нозир ва шарикони муколама баррасӣ хоҳанд шуд», — гуфт Норов.

Узбекистон феълан Раиси раёсати СҲШ мебошад. Дар назар аст, ки нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор гардад. Вазири корҳои хориҷӣ тавсеаёбии минбаъдаи СҲШ-ро яке аз масъалаҳои калидии рӯзномаи ин нишаст арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи ӯ,  ёддошти тафоҳум оид ба уҳдадориҳои  Эрон барои дарёфти мақоми узви СҲШ аллакай барои имзо омода аст.

«Ҳуҷҷат амалан роҳро барои узвияти комилҳуқуқи ин кишвари бузурги Шарқи Наздик дар созмони мо мекушояд»,- зикр намуд иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Узбекистон.

СҲШ созмони байналмилалӣ буда, соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон мебошанд.

Кишварҳои нозир дар ин созмон Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ба шумор мераванд.

Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.

Дар нишасти сарони СҲШ,  ки дар Душанбе  моҳи сентябри соли 2021 доир гардид, тартиби пазируфтани Эрон ба Созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.

Манбаъ: АМИТ "Ховар"

Tags: