Шӯрои уламо: 24 апрел рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон аст

Рӯзи ҷумъа, 24 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Соли равон давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз муайян гардида, он 23 май ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 24 май дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин имрӯз қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон қабул гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон хабар медиҳад, ниҳоди мазкур дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян намудаанд, ки соли равон оғози моҳи шарифи Рамазон ба ин рӯз рост меояд.

Зимнан, 17 апрел Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон қарори қабул намуд, ки тибқи он дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шуданд.

Шӯрои уламо ба шаҳрвандони мамлакат тавсия додааст, ки закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон ва маъюбон дода шаванд. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.

«Тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим бояд қатъиян риоя карда шаванд»,- омадааст дар қарори Шӯрои уламо.

АМИТ «Ховар»

Tags: