Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ эълон намуд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, баргузор мегардад.
«Ташкилкунандагони озмун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошанд»,- илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур- эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон мебошад.
Иштирокдорони фаъоли озмун бо туҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешвем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се соли оянда беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»