Ширкати «IRS» ҷиҳати зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешид

Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати  зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингии худ тадбирандешӣ менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, иқдоми мазкур бо мақсади  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» роҳандозӣ гардидааст.

«Ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи кортҳои электронии пардохтӣ бартариҳои зиёд доранд. Аз ҷумла, ин омил  ба коҳиш ёфтани гардиши пули нақд, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим ба ҳисоб меравад, сабаб мегардад», — афзуд манбаъ.

Бояд зикр намуд, ки гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва истифодаи кортҳои пардохтӣ ба кам шудани танбашавии мошинҳо дар плазаҳои толлингӣ замина фароҳам меорад. Зеро сураъати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он хубтар мешавад

Ба иттилои манбаъ, истифодаи хизматрасонии мазкур аз шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кӯтоҳ суратҳисоби худро кушоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар плазаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон банкомат ва POS — терминалҳо насб шудаанд, ки аз онҳо дорандагони кортҳои пардохтии  «Корти миллӣ», «Visa International», «Union Pay»  метавонанд бе комиссия ҳаққи гузаришро аз плазаҳои толлингӣ пардохт намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: