Шиносоии Пешвои миллат бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия шинос шуд.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 68 фоизи аҳолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол аз ҳар як гектар замини обӣ деҳқонон аз 35 то 37 сентнерӣ ҳосили гандум рӯёнидаанд. Айни ҳол дар заминҳои ҷамоат кишти такрорӣ бомаром идома дорад.

Сарвари давалат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин хоҷагӣ иброз доштанд, ки заминҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳосилхезанд ва ҳар як ваҷаби он бояд самаранок истифода шавад. Президенти мамлакат таваҷҷуҳи сокинонро ба кишти такрорӣ ҷалб намуд, зеро ба ҳамин восита таъмини пурраи бозори истеъмолӣ имконпазир хоҳад шуд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Дилшоди Шариф" шинос гардид. Дар хоҷагӣ, ки 18 гектар заминро дар ихтиёр дорад, асосан пахтаи навъи 65-30 кишт шудааст. Ин тухмӣ ба иқлими ноҳия хеле мувофиқ буда, ҳоло нашъунамои хуб дорад. Тавре иттилоъ доданд, дар 854 хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 1100 гектар пахта кишт шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар ҳамин ҷо ҳамзамон намоиши дастовардҳои деҳқонони ноҳия баргузор гардид. Дар соли равон деҳқонони ноҳия аз маҳсулоти полезӣ даромади хуб ба даст оварданд. Маҳсулоти дастранҷи барзгарон на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фуруш бароварда мешавад, балки берун аз кишвар низ содирот мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳи дастранҷи меҳнаткашон ба онҳо барору комёбӣ ва дар кори пуршарафи ризқофарӣ комёбиҳо орзу намуд.