Шиксин Чен, Ноиби Президенти БРО: «Дар Тоҷикистон лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф татбиқ шуда истодаанд»

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё (БРО) Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Чен дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳорӣ андеша намуд: «Тӯли солҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё тақрибан 1,8 миллиард доллари ИМА ҳамчун қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумакҳои техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ҷудо гардидааст».

Ш. Чен инчунин тазаккур дод, ки имрӯз БРО яке аз шарикони бузурги бисерҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи кумакҳои худ бахши инфрасохтор, хусусан соҳаҳои нақлиёту энергетикаро дастгирӣ намудааст.

«Мо соҳаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дастгирӣ карда, дар ин ҷода ба соҳаи маориф кумакҳои худро расонида истодаем. Татбиқи лоиҳаҳо оид ба пешравии таҳсилоти касбӣ ва оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби БРО идома дорад», — афзуд Ноиби Президенти БРО.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки дар рафти вохӯри ҷонибҳо инчунин ҳамкории Тоҷикистон ва БРО-ро дар самти мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ карда, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷударо барои гуштариши равобити дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»