Шабонарӯзи гузашта дар сайёра беш аз 283 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд

Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятшавӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 283 ҳазор нафар зиёд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, чунин маълумотро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) субҳи 8 авшуст интишор кардааст.

Ба ҳолати 10:30-и 8 август ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 19 546 748 сироятёфта ва 724 123 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи охир 283 009 нафар сироят ёфта, 6 448 нафар ҷон додаанд.

Дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ давоми шабонарӯзи охир 154 118 нафар сироят ёфта, 4 598 нафар беморон вафот кардаанд. Дар Аврупо давоми 24 соати охир шумораи гирифторон 25 473 нафар ва ҳолатҳои фавт 416 кас зиёд шуд.

Дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дарн ҷойи сеюм қарор дорад, давоми шабонарӯзи гузашта 67 863 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 999 беморон вафот кардаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 095 524. Баъдан Бразилия (2 967 064), Ҳиндустон (2 088 611), Россия (877 135), Африқои Ҷанубӣ (545 476), Мексика (469 407), Перу (463 875), Чили (368 825), Колумбия (367 196) ва Испания (361 442) ҷойгиранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: