Сарвазири Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов барои иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои МҲТБО ба Душанбе ташриф овард

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ ба Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

15 июн Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: