Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Инчунин Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён дар доираи сафараш дар шаҳри Душанбе аз Осорхонаи миллӣ ва Кохи Наврӯз дидан мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: