Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

Бино ба даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён аз 15 то 17 июли соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазиранд.
Инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ва мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Корея бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар музокироти оянда дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Корея дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.

АМИТ «Ховар»

Tags: