Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар Групп» санги асос гузоштанд.

Корхонаи мазкур ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нигаронида шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдони корхонаи саноатӣ 40 гектарро ташкил намуда, ба фаъолият оғоз намудани он имкон фароҳам меорад, то қисмате аз эҳтиёҷоти кишвар ба техникаву лавозимоти ҳарбӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бароварда шавад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки 120 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва роҳбарияти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва намудҳои маҳсулот, ба талаботи замон мутобиқ сохтани сифати онҳо ва ҳамзамон ба роҳ мондани омӯзишу омодасозии мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

 

Tags: