САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧИН: дар Вухан 48 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ медиҳад, ки айни замон дар шаҳри Вухани музофоти Хубэй — маркази пайдоиш ва паҳншавии коронавируси шакли нав 48 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин хабар  доданд.

Тибқи охирин маълумоте, ки Сафорат имрӯз, 27 январ (соати 19.30 ба вақти Пекин), дастрас намудааст, айни замон 48 нафар шаҳрвандони мо дар музофоти болозикр қарор доранд. Ҳамаи онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии музофоти Хубэй мебошанд, ки бо Сафорат дар тамос шудаанд ва ё дипломатҳои тоҷик тавассути WeChat бо онҳо алоқа барқарор намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки миёни беморони коронавируси шакли нав шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

Ҳукумати Чин барои пешгирии паҳншавии беморӣ тамоми чораҳоро дида истодааст. Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти давлатии марбутаи Чин дар тамоси доимӣ буда, ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маркази пайдоиш ва паҳншавии беморӣ қарор доранд, дар доираи имкониятҳо мадад расонида истодааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: