Сафирони Подшоҳии Марокаш, Бразилия ва Маҷористон дар Тоҷикистон нав шуданд

ТВТ.15.06.2022. 13-14 июн сафирони навтаъйини Подшоҳии Марокаш Муҳаммад Рашид Маанину, Бразилия Олинто Вией ва Маҷористон  Отто Иван Рона дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаҳои худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода супориданд. 

Зимни вохӯрҳо Музаффар Ҳусейнзода бо сафирони навтаъйин дар бораи самтҳои авлавиятноки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар кард.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дипломатҳоро ба муносибати таъйин шуданашон ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо  дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Манбаъ: mfa.tj

Tags: