Сафирони нави Индонезия ва Таиланд дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд

ТВТ. 14.06.2022. 13-уми июн муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаҳои  эътимодномаҳои Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон ва  Чачаван Сакорнсинро қабул кард. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Сафири Индонезия Доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, табодули назар намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Индонезияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Инчунин Фарҳод Салим ва  Сафири Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Чачаван Сакорнсин зимни вохӯрӣ дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд ва истифодаи иқтидори ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи судманд,  бахусус иқтисодӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Чачаван Сакорнсинро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа муборакбод гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатияш комёбиҳо таманно намуд.

Манбаъ: mfa.tj

Tags: