Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид

Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни 90-солагии худ дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид. Дар ин бора сармуҳарири рӯзномаи мазкур Шодихони Назар ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар шумораи 90-саҳифагии рӯзнома андешаҳои донишмандону нависандаҳои барҷаста, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон ҷамъоварӣ ва бознашр шудаанд. Инчунин доир ба  давраҳои гуногун  аксҳои гӯё, ки вазъи замони худро бозгӯӣ мекунанд, рӯи чоп омадаанд.

Мақсад аз ҷамъоварии муҳимтарин мақолаҳои давр дар шумораи идонаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ин огоҳ намудани хонандагон аз таърихи рӯзнома  мебошад,- афзуд Шодихони Назар.

Ёдовар мешавем, ки ин рӯзнома аввалин маротиба 5 апрели соли 1930 бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» нашр гардида, сипас солҳои 1945-1956 бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» чоп гардиааст.

Баъд аз фаъолияти тӯлонии худ боз солҳои 1956-1988 бо номи «Комсоли Тоҷикистон» аз чоп баромад. Аз соли 1998 инҷониб бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр ва дастраси хонандагон мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: