РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Бахшида ба он дар ноҳияи Мурғоб шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ шуд

7 ноябр, дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик (10 ноябр) дар ноҳияи Мурғоб бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб  ифтитоҳ карда шуд.  

Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад.

Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст. Кормандони милитсия якҷоя бо ҷузъу томҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он бо таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бунёди иншооти замонавӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд, ки ин ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат менамояд.

Tags: