Рустами Эмомалӣ масъулонро барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2017 вазифадор кард

rustami-emomali.jpgҚарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 марти соли 2017 «Оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2017» ба тасвиб расид, ки он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона, барои беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, ба корҳои сайёҳиву кишваршиносӣ ҷалб намудан ва тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастии онҳо нигаронида шудааст.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавсими таътили тобистонаи соли 2017 дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида мешавад.
Қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо вазифадор кардааст, ки дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе мебошанд, то 15 майи соли 2017 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, таҷҳизонидани биноҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазоркунию ниҳолшинонии истироҳатгоҳҳо ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимиеро, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули наврасон омода намоянд.
Ҳамчунин тибқи ин қарор Раёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамчунин барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.
Инчунин бо ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намуда, тозагӣ ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Дар қарори мазкур омадааст, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таълимии шаҳрро дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ, майдончаҳои тандурустиву солимгардонӣ ва ҳангоми рафтуомад ба мавзеъҳои истироҳатӣ таъмин намуда, оид ба пешгирии сӯхтор тадбирҳои зарурӣ андешида, бехатарии ҳаёти кӯдакону наврасон ва биною иншооти зикршударо зери назорат қарор диҳанд.

АМИТ «Ховар»