Рустам Назарзода, раиси КҲФ ва МГ: «Шахсоне, ки дар ҷойҳои барои шиноварӣ мамнӯъ оббозӣ менамоянд, муҷозот мешаванд»

Интизор меравад, ки дар оянда шаҳрвандоне, ки дар дарёву кӯлҳо, обанбор ва дигар иншооти обие, ки барои шиноварӣ манъ шудааст, оббозӣ менамоянд, муҷозот  хоҳанд гардид.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз дар Душанбе дар  нишасти матбуотӣ гуфт, ки Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин маврид лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ    омода намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Тибқи он,  шахсоне, ки дар ҷойҳои барои шиноварӣ мамнӯъ оббозӣ менамоянд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо ҷарима ситонида шавад.

Ин тасмими Кумита дар ҳолест, ки  дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳои мамлакат дар шаш моҳи соли равон 34 нафар ғарқ шудаанд. Сарфи назар аз муттасил роҳандозӣ шудани чорабиниҳои мухталиф, гузаронидани санҷишҳо, мулоқот бо истироҳаткунандагон ва суҳбат бо онҳо, интишори мақолаҳо дар нашрияҳо, барномаҳо дар телевизион ва радио, мутаассифона, боз ҳам дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.

Зикр шуд, ки аз 34 нафар ғарқшудагони соли равон 2 нафар бачаҳои синнашон то 4-сола,  8 нафар аз 11 то 16-сола, 16 нафар аз 17 то 35-сола ва  7 нафари онҳо аз 35-сола боло  мебошанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст, зеро дар шаш моҳи соли сипаришуда 57 нафар  ҳангоми оббозӣ ҷони худро аз даст дода буданд.

Коҳиш ёфтани ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандонро  дар кулу дарёҳо зимни оббозӣ масъулони Кумитаи  мазкур  ба пандемияи COVID-19, риояи қоидаҳои санитарӣ,  эҳтиёткории шаҳрвандон ва бунёду ба истифода додани ҳавзу маҷмааҳои шоноварӣ дар мамлакат, аз  ҷумла дар пойтахти ҷумҳурӣ рабт доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: