Рустам Назарзода бо роҳбарони Намояндагии Байналмилалии Салиби Сурх ва ваколатдори Салиби Сурх дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари нави Намояндагии Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Анжелика Шопп ва роҳбари ваколатдори Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини мулоқот кард.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омӯзиши кормандони воҳидҳои наҷоти Кумита ва ҳамкории минтақавиро баррасӣ карданд. Инчунин онҳо нақшаҳои амалиёти муштарак оид ба огоҳкунии барвақтии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва иҷрои санадҳои муштараки имзошударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рустам Назарзода ба хонум Анжелика Шопп дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои таркибии он иттилоъ дода, барои ҳамкории дуҷониба бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин номбурда  ба Салиби Сурхи байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар пешгирӣ аз густариши коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Клаудия Аззолини ба роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои кори пурсамар ва ҳамкории самарабахш дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ  намуда, ба корҳои ояндаи идораи наҷоти мамлакат комёбиҳо орзу кард.

Анжелика Шопп зикр намуд, ки дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим дар соҳаҳои идоракунии хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо роҳандозӣ мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: