«Роспотребнадзор» нақшаи амалиёти муштараки кишварҳои ИДМ-ро дар муқовимат бо сироят таҳия хоҳад кард

Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба ҳифзи санитарии ҳудудҳо дар ҷаласа  доир ба муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус таҳияи нақшаи муштараки тадбирҳоро барои кишварҳои ИДМ бобати пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ баррасӣ намуд. Дар ин бора рӯзи сешанбе дар сомонаи  «Роспотребнадзор» иттилоъ дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Марҳилаҳо бобати татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ (29 май баргузор шуда буд),  аз ҷумла оид ба таҳияи нақшаи миёнамуҳлати амалиёти муштараки кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ  баррасӣ гаштанд. «Роспотребнадзор»  лоиҳаи ҳуҷҷати рушди иқтидори аҳлонаи муқовимат бо эпидемияро  омода намуда, ба шарикон пешниҳод хоҳад намуд.

Возеҳ аст, ки дар ҷаласа  таҳти раисии  «Роспотребнадзор» намояндагони идораҳои дахлдори  Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо ширкат намуданд.  Дар ҷараёни конфронси видеоӣ инчунин чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар кишварҳои ИДМ, ки барои паст намудани паҳншавии сироят равона шуда буданд, муҳокима гардиданд. Ҳамзамон зикр гардид, ки вазъи эпидемиологӣ оид ба  коронавирус дар қаламрави Авруосиё  мӯътадил гаштааст.

Таъкид гардид, ки «Роспотребнадзор»  бо шарикони кишварҳои аъзои ИДМ  ҳамкории худро  дар самти мубориза бо коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ  бо мақсади эҷоди низоми ягонаи вокуниш ба ҳолатҳои  изтирории санитарию эпидемиологӣ  дар минтақа давом хоҳад дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: