Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Имрӯз, 15 июл роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2019 бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Хадамоти алоқа соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ меорояд.

Роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 16:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишаст доир мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: