Рисолаи «Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – марҳилаи нави густариши ҳамкорӣ» ба нашр расид

Чанде пеш рисолаи  «Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – марҳилаи нави густариши ҳамкорӣ»-и номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Данғара Шарифхӯҷа Ҳасанов дастраси хонандагон гардид.

Тавре муаллиф ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, рисола бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр гардида, дар он ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои ҳасанаи ду мамлакати ҳамҷавор ба риштаи таҳлил кашида шудаанд.

Дар рисола масъалаҳои таърихи рушди муносибатҳои дӯстона байни ду миллат, саҳми тоҷикону ӯзбекон дар ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва маорифпарварӣ, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии халқҳои  тоҷику ӯзбек дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, густариши муносибатҳои тоҷикону ӯзбекон дар даврони соҳибистиқлолӣ, захираю имконоти зиёди тақвияти дӯстиву ҳамкории дуҷониба ба таври ҳамаҷониба таҳлил шудааст.

Рисола нахустин асари илмӣ мебошад, ки  дар он таҳлилҳо аз таърихи рушди муносибатҳои дӯстонаи байни ду мамлакат ибтидо гирифта, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии тоҷикон ва ӯзбекон дар замони гузашта ва марҳилаи нави давлатдориро фаро гирифтаанд.

«Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – марҳилаи нави густариши ҳамкорӣ» ҳамчун асари илмиву таҳлилӣ ба ҳуқуқшиносон, муаррихону муҳаққиқон, коршиносон, аспирантон, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: