Рамазон Раҳимзода аз Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб дидан кард

28 январи соли равон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб сафари хизматӣ намуда, аз Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дидан кард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид аз Коллеҷи мазкур Вазири корҳои дохилӣ бо шароити хизматӣ ва таълимӣ, ҳамчунин аз хобгоҳ, синфхонаҳо ва ҳолати дарсгузаронии омӯзгорон аз наздик шинос шуда, бо устодону шунавандагони ин боргоҳи илму маърифат вохӯрӣ доир намуд.
Рамазон Раҳимзода дар хусуси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 чунин гуфт: «Ҳукумати мамлакат баҳри беҳдошт, дастгирии ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар тамоми тадбирҳоро андешида, баҳри он мекӯшад, ки ин насли ояндасози миллат бо андӯхтани илму дониш, ҳунар ва маърифат дар пешрафту шукуфоӣ ва ободии Ватан саҳмгузор бошад».

Манба: Амит "ХОВАР"