Раиси нави Бонки миллӣ талош дорад болоравии нархҳо дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021-ро барои баррасӣ ба палатаи поёнии Парлумон пешниҳод кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон.

Ба гуфтаи Холиқзода, коршиносон асосан ба масъалаи дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори дохилии истеъмолӣ таваҷҷуҳ намудаанд.

Он тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо амалӣ мегардад.

Холиқзода зикр кард, ки тасдиқи лоиҳа ба таҳкими сиёсати пулию қарзӣ, ки барои нигоҳ доштани болоравии нархҳо зарур аст, мусоидат хоҳад кард. Он ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар хотимаи ҷаласа лоиҳаи Дурнамо тасдиқ гардид.

Дар баробари ин,  дар ҷаласа лоиҳаи Қонун «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» баррасӣ карда шуд. Ҳуҷҷати мазкур тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро муайян намуда, ба тезонидани саноатикунонии мамлакат нигаронида шудааст.

Қонун заминаи ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии ҳамкории давлат, корфармоён ва муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад.

АМИТ «Ховар»

Tags: