Прокуратураи генералӣ: Ҳар ҳодиса бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа таҳти назорати махсус қарор дорад

21 апрел Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҷозот шудани қотили шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои  манбаъ, 10 августи соли 2020 аз Федератсияи Росия ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Толибҷон Саидов, ки  соли таваллудаш 1998 мебошад, бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.

Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба марг расонидан, сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкор  ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархост ирсол шуд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷинояткор дастгир шуда, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Инчунин бо ҳукми суд даъвои ҷониби ҷабрдида оид ба рӯёнидани зарари маъанавӣ ба маблағи 800 ҳазор  рубл қонеъ карда шуд.

Ҳоло аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳодиса бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми тадбирҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: