Профессор Саидбек Сатторов: «Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашударо ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд»

Барои  пешгирӣ аз сирояти коронавирус истифодаи  ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад. Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта  вазифаи микробполоиро (филтр) иҷро намуда, қобилияти муҳофизат аз вирусро  зиёд менамояд.  Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад. Ҳангоми истифода аз ин гуна ниқобҳо мо метавонем худро аз таъсири  вирусҳо беҳтар нигоҳ дорем. Ҳоло корхонаҳои саноатии мамлакат чунин ниқобҳоро, ки аз чанд қабат дока иборатанд, истеҳсол менамоянд, ки дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд.

Ин тавсияҳоро ба аҳолӣ  мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов зимни суҳбат  бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Профессор Саидбек Сатторов ба он назар аст, ба харидории  ниқобҳои яккарата зарурати зиёд нест. Зеро истифодаи он 2-3 соат буда, пас аз ин ниқоб қобилияти муҳофизатии худро гум мекунад. Ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками  муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калон мебошанд. Инчунин андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд мебошад ва он  метавонад бемамониат аз он гузарад.

«Барои пешгирӣ аз коронавирус мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.  Бояд ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой  бисёр муҳим мебошад. Инчунин истифода  аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад»,- афзуд профессор.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ин маврид зикр намудааст, ки  ниқобҳои тиббӣ  аз коронавирус  ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  менамоянд.  Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ  метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз шудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда риоя карда шаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: