Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Насими Балҷувон»-ро мавриди истифода қарор доданд

6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон» -ро, ки дар доираи истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби бародарони соҳибкор аз оилаи Неъматовҳо сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Тарабхона аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт метавонад ба 200 нафар хизмат расонад. Масоҳати умумии иншооти сохташуда 20 садяк заминро ташкил намуда, масоҳати зери бино 345 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Насими Балҷувон» соли 2018 оғоз гардида буд ва бо ҷалби зиёда аз 50 нафар сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом пазируфт.

Ҷиҳати зебову назаррабо гардидани саҳни ҳавлии тарабхона масоҳати беш аз 1500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, 50 адад дарахтони гуногуни сояафкан шинонида, атрофи он сабзазор гардидааст. Лоиҳаи иншооти мазкур аз тарафи ҶСК «Корезлоиҳа» тахия шуда, дар  сохтмон масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардидааст.

Тарабхонаи тозабунёд дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия саҳми назаррас дорад. Зеро бо ба фаъолият шурӯъ намудани он беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Толорҳои кушоду барҳавои тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон» барои баргузории тӯю маъракаҳои сокинони ноҳия ва деҳаҳои атрофи он мувофиқ аст.

Акнун сокинон метавонанд бо истифода аз чунин шароити бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи соҳибкорони бо нангу номуси ноҳияи Балҷувон барояшон фароҳамгардида самаранок истифода бурда, маъракаҳои хешро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намоянд.

Хабар дода шуд, ки ин нахустин тарабхонаи замонавӣ дар ноҳияи Балҷувон маҳсуб мешавад, ки дар доираи иқдомоти созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба онҳо бунёд ёфтааст.

Ҳангоми ворид гардидан ба саҳни ҳавлии тарабхонаи «Насими Балҷувон» аз тарафи рост ва чап ду фаввораи зебо ба назар мерасад, ки бо услуби хосса сохта шудаанд. Инчунин ба хотири бо об таъмин намудани иншоот ва сокинони атроф бо кандани як чоҳи амудӣ аз чуқурии 61 метр оби тозаи ошомиданӣ бароварда шуд.

Ҳангоми шинос шудан бо шарту шароити тарабхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, соҳибкорони ватандӯстро ба чунин корҳои ободонӣ ҳидоят намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: