Плей-оффи Лигаи чемпионҳои АФК-2020: имрӯз «Ал-Аҳлӣ» бо «Истиқлол» бозӣ мекунад

Имрӯз, 28 январ дар Ҷидда бозии даври плейоффи марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои АФК-2020 миёни дастаҳои «АлАҳлӣ» (Арабистони Саудӣ)  ва «Истиқлол» (Тоҷикистонбаргузор мегардадДар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Дар нишасти матбуотии қабл аз бозии «Истиқлол» ва «Ал-Аҳлӣ» маҷлис баргузор карда шуд, ки дар он намояндаҳои дастаҳо иштирок карда, аз омода будани худ ба бозӣ хабар доданд. Ҳамчунин дастаҳо муайян карданд, ки пагоҳ бо кадом пероҳанҳояшон бозӣ мекунанд. Ҳамин тавр муайян карда шуд, ки «Истиқлол» бо пероҳани сурх ва «Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ бо пероҳани сафед бозӣ мекунанд.

Бозии дастаҳо 28 январ, соати 22:30 ба вақти Тоҷикистон оғоз мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: