Пешвои миллат: «Ҳукумати Тоҷикистон ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд»

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Чунин омадааст дар паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия.

Ба зикри Сарвари давлат, кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат  дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.

-Дар рӯзи ҷашни касбии кормандони милитсия бори дигар миннатдории худро барои заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо ҳисси баланди ватанхоҳӣ ва ифтихори миллӣ ба хотири ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва иҷрои ҳатмии амру фармонҳои Роҳбари давлат фаъолият мекунанд, изҳор медорам,- иброз доштанд Пешвои миллат.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони милитсия  таҷлил карда мешавад.

 Мояи фараҳмандист, ки имрӯз  дар тамоми зинаҳои мақомоти ин ниҳод кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.

Кормандони милитсия барои  ояндаи дурахшони Тоҷикистон шабонарӯзӣ  хизмат намуда, ба қавлу савганди касбӣ, Президент ва халқу Ватан содиқ мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: