Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи навро ифтитоҳ намуда, аз обанбори Мӯъминобод боздид намуданд

10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як ҷойи хеле хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ифтитоҳ карда, аз обанбори Мӯъминобод боздид ба амал оварданд.

Обанбори Мӯъминобод, ки барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст, ҷойи мусоиду мувофиқ барои рушди варзиш- шиноварӣ ва қайиқронӣ мебошад.

Дар фасли гармо обанбор барои оббозӣ ва атрофи он барои сайру тамошои мардум хеле созгор аст.

Дар ин ҷо дастаи қайиқронҳои ноҳия ва шаҳри Душанбе бо истифода аз шароити мусоид ба машқ машғул мебошанд.

Қобили зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Ин имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз ҳамаи шароити муосир ба варзиш машғул шаванд.

Баъди тамошои обанбори Мӯъминобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди обанбор, дар як мавзеи хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ба истифода доданд.

Меҳмонхона, ки аз тарафи сооҳибкорони ватандӯсти ноҳия ба истиқболи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуд, туҳфаи арзишманди ҷашнӣ мебошад.

Меҳмонхона аз ду ошёна, толори маҷлис, ҳуҷраи гуфтушунид, ҳуҷраҳои хоб бо тамоми шароит, ошхона, толори зиёфати расмӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншоот даруну беруни бино ва ҳуҷраву долони меҳмонхона аз усули маъмули миллии меъмории ороиш бо гачу оинабандӣ истифода гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: