Паём: Дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода мешавад

Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд.
«Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати иҷрои мавзӯъҳои фармоишӣ ва истифодаи самараноки онҳо зарурати таҷдиди назар кардани маблағгузории соҳаи илм ба миён омада, Ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи мазкурро омӯхта, ҷиҳати ба танзим даровардани он чораҷӯӣ намояд»,-илова намуданд Пешвои миллат.
Президенти кишвар бовар намуданд, ки минбаъд олимони тоҷик дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқот бурда, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: