Парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аз моҳи январи соли 2017 фаъол мегарданд

Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон- Душанбе ва Тошканд парвозҳо фаъол хоҳанд гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои сарчашма, имрӯз дар Вазорати нақлиёти кишвар байни ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон санад оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Юсуф Раҳмон афзуд, ки парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво Йуллари» ба роҳ мемонанд. «Парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд- Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Ин ба соҳаи авиатсияи ду ҷониб такони тоза мебахшад. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда шавад, зеро ин нуқта дар протокол дарҷ шудааст»,-илова намуд мусоҳиб.
Бино ба дурнамои вазорат, дар оянда байни дигар шаҳрҳои ин ду кишвар парвозҳо ба роҳ монда мешаванд.
Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иброз дошт, ки ҳайати Ӯзбекистон имрӯз аз фурудгоҳи байналмилалӣ, кори хадамоти он ва терминали байналмилалӣ дидан намуда, барои ҳамкорӣ дар гусел ва қабули мусофирон бо фурудгоҳ ба тавофуқ расиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: