Парлумон масъалаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба мансаб таъйину озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии ин ниҳодро баррасӣ кард

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Лоиҳаи қонуни  мазкурро  ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»   бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба роҳ мондани низоми ягонаи назорат ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Ҷиҳати таъмини иҷрои ин мақсад аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии он пешбинӣ шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо чунин тартиб аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: