Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «BUDAPEST GRAND PRIX 2019» иштирок мекунанд

Аз 12  то 14  июли  соли  равон  дар шаҳри Будапешти Венгрия мусобиқаи «BUDAPEST GRAND PRIX 2019» баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 625 нафар варзишгар, аз ҷумла 382 мард ва 243 зан аз 85 кишвари сайёра дар назар аст. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 6 паҳлавони шинохтаи тоҷик- Хайёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд. Зимнан, «BUDAPEST GRAND PRIX 2019» ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо  шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад, то соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар «BUDAPEST GRAND PRIX 2019»:

  1. Хайёмиддин Ҷабборов — 66 кг
  2. Сомон Маҳмадбеков- 73 кг
  3. Беҳрӯзи Хоҷазода- 73 кг
  4. Акмал Муродов- 81кг
  5. Комроншоҳи Устопириён- 90 кг
  6. Темур Раҳимов +100кг

АМИТ «Ховар»

Tags: