Пагоҳ Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ мегузаронад

Пагоҳ, 18 феврал Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолият дар  соли 2019 нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ соати 11:00 дар толори Вазорати мазкур  баргузор мешавад.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 аз 27 январ оғоз гардида, 18 феврал ҷамъбаст мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 баргузор мегарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: