Пагоҳ Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 ба кори худ оғоз мебахшад

Аз 8 то 15 октяби соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 баргузор мегардад.
Форум ба дуюмин солгарди Рӯзи соҳибкор бахшида шуда, зимни баргузории он натиҷаҳои ислоҳот, таҷрибаи муваффақи соҳибкорӣ ва пайдо намудани роҳҳои муосири рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои иштирок дар форум соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ даъват шудаанд. Як гурӯҳи онҳо шоми дирӯз ба Душанбе ташриф оварданд.
Барои таҷлили бошукӯҳи Рӯзи соҳибкор ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми байналмилалӣ Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии Давлаталӣ Саид-муовини якуми Сарвазири мамлакат таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди миллӣ 14-уми октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкор эълон гардида, тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид карда шудаанд.

Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"

Tags: