Оғози сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

 Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро сокинони шарафманду меҳнатқарини ин ноҳияи баландкӯҳ бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд.