Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон

 Баъд аз анҷоми сафари корӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Муъминобод имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Меҳмони олимақом, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони ноҳия дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шодиву нишоти беандоза ва эҳтироми хос нисбат ба раҳбару Пешвои ояндасози хеш гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар як ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаи диёр пайки шодию нишот, муждаи ободкорию созандагӣ меорад, зеро аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум сулҳу ваҳдат оварданд ва халқро ба зиндагии шоиста ҳидоят карда, барояшон шароити мусоиди кору зиндагӣ фароҳам сохтанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ноҳияи Восеъ низ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба бо сафари корӣ ташриф оварда, баробари ифтитоҳи иншооти гуногун, мулоқоту суҳбат бо сокинон барои ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳо андешиданд.