Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст санги асос гузоштаанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи варзишгоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати қитъаи замини барои сохтмони варзишгоҳ пешбинигардида 4,00 гектар буда, аз чор минбари мунаққаш иборат мебошад.

Минбари ғарбӣ аз 9 қатор барои 1 ҳазору 876 ҷойи нишаст ва шимолӣ аз 8 қатор барои 1028 ҷой, ҷанубӣ аз 8 қатор барои 1028 ҷой ва шарқӣ аз 10 қатор барои 2 ҳазору 340 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Варзишгоҳ дорои чор даромадгоҳ буда, бо тарҳ ва услуби меъмории миллӣ сохта мешавад.

Варзишгоҳи мазкур дар тарҳ шакли чоркунҷаро доро буда, минбари ғарбӣ аз ду ошёна иборат мебошад ва дар он толори VIP низ ҷойгир карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мутахассисону лоиҳакашонро ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва масолеҳи аълосифати ватанӣ ҷалб намуданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар ноҳияҳои кишвар бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат варзишгоҳҳои зебою замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, рушди соҳаи варзиш дар кишвар таъмин гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки арзиши корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 8 миллиону 272 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида барои бунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 0,55 гектар буда, масоҳати умумии бино 1 ҳазору 247,6 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ошнёаи аввали бино толори фарҳангӣ барои 500 ҷойи нишаст ва дар қабати дуюм миёнсарой, ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.

Фармоишгари бинои замонавии Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи биноро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП» омода намудааст.

Паймонкории ин иншоотро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» ба уҳда дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо ҷалб намуда, иброз доштанд, ки Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бояд солҳои дароз ба мардум хизмат намояд.

Тибқи лоиҳа корҳои сохтмонии Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соли 2018-ум ба нақша гирифта шуда, дар муҳлати пешбинишуда, мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.