ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмудат дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 22-27 дараҷа хунук, рӯзона 7-12 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-20 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф,  дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барфи тар, дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ва дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: